|
Нукта гуфтани шоир ҷиҳати таъни шиъаи Ҳалаб Гуфт: «Оре, лек ку даври Язид? Кай будаст ин ғам? Чӣ дер ин ҷо расид? Чашми кӯрон он хисоратро бидид, Гӯши каррон он ҳикоятро шунид. Хуфта будастед то акнун шумо Ки кунун ҷома даридет аз азо? Пас азо бар худ кунед, эй хуфтагон? З-он ки бад маргест ин хоби гарон». Рӯҳи султонӣ зи зиндоне биҷаст, Ҷома чӣ дронему чун хоем даст? Чунки эшон хусрави дин будаанд, Вақти шодӣ шуд чу бишкастанд банд. Сӯйи шодурвони давлат тохтанд, Кундаву занҷирро андохтанд. Рӯзи мулк асту гашу шоҳаншаҳӣ, Гар ту як зарра аз эшон огаҳӣ. В-ар найӣ огаҳ, бирав бар худ гирӣ, З-он ки дар инкори нақлу маҳшарӣ. Бар дилу дини харобат навҳа кун, Ки намебинад ҷуз ин хоки куҳун. В-ар ҳамебинад, чаро набвад далер, Пуштдору ҷонсипору чашмсер? Дар рухат ку аз майи дин фаррухӣ? Гар бидидӣ баҳр, ку каффи сахӣ? Он ки ҷӯ дид, обро накнад дареғ, Хоса он, к-ӯ дид он дарёву меғ.
Саҳифаи 24/140 |