|
|
|
|
Ҳикоят дар тақрири ҳамин сухан Он яке асбе талаб кард аз амир, Гуфт: «Рав, он асби ашҳабро бигир». Гуфт: «Онро ман нахоҳам». Гуфт: «Чун?» Гуфт: «ӯ вопасрав асту бас ҳарун. Сахт пас-пас меравад ӯ сӯйи бун», Гуфт: «Думмашро ба сӯйи хона кун». Думми ин устури нафсат шаҳват аст, З-ин сабаб пас-пас равад он худпараст Шаҳвати ӯро, ки дум омад зи бун, Эй мубаддил, шаҳвати уқбош кун. Чун бибандӣ шаҳваташро аз рағиф, Сар кунад он шаҳват аз ақли шариф. Ҳамчу шохе, ки бибуррӣ аз дарахт, Сар кунад қувват зи шохи некбахт. Чунки кардӣ думми ӯро он тараф, Гар равад пас-пас, равад то муктанаф. Ҳаббазо асбони роми пешрав, На сипасрав, на ҳаруниро гарав. Гармрав чун ҷисми Мӯсои калим То ба Баҳрайнаш чу паҳнои гилем. Ҳаст ҳафсадсола роҳи он ҳуқуб, Ки бикард ӯ азм дар сайрони ҳуб. Ҳиммати сайри танаш чун ин бувад, Сайри ҷонаш то ба иллиййин бувад. Шаҳсаворон дар сибоқат тохтанд, Харбатон дар пойгаҳ андохтанд.
33/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|