|
|
|
|
МасалОнчунон ки корвоне мерасид, Дар деҳе омад, дареро боз дид. Он яке гуфт: «Андар ин бардулаҷуз, То бияндозем ин ҷо чанд рӯз». Бонг омад: «На, бияндоз аз бурун, В-онгаҳоне андаро ту андарун. Ҳам бурун афган ҳар он ч-афганданист, Дармаё бо он, ки ин маҷлис санист». Буд Ҳилол устоддил, ҷонравшане, Сойису бандай амире, мӯъмине. Сойисӣ кардӣ дар охур он ғулом, Лек султони салотин банда ном. Он амир аз ҳоли банда бехабар, Ки набудаш ҷуз билисона назар. Обу гил медиду дар вай ганҷ на, Панҷу шаш медиду асли панҷ на. Ранги тин пайдову нури дин ниҳон, Ҳар паямбар инчунин буд дар ҷаҳон. Он манора диду дар вай мурғ не, Бар манора шоҳбозе, пурфане. В-он дувум медид мурғи парзане, Лек мӯй андар даҳони мурғ не. В-он, ки ӯ «янзур бинуриллаҳ» бувад, Ҳам зи мурғу ҳамзи мӯ огаҳ бувад. Гуфт: «Охир чашм сӯйи мӯй неҳ, То набинӣ мӯ, бинагшояд гиреҳ». Он яке гил дид нақшин дар ваҳал В-он дигар гил дид пурилму амал. Тан манора, илму тоат ҳамчу мурғ, Хоҳ сесад мурғ гиру ё ду мурғ. Марди авсат мурғбин аст ӯву бас, Ғайри мурғе менабинад пешу пас. Мӯй он нурест пинҳон они мурғ, Ки бад-он поянда бошад ҷони мурғ. Мурғ, к-он мӯй аст дар минқори ӯ, Ҳеч орият набошад кори ӯ. Илми ӯ аз ҷони ӯ ҷӯшад мудом, Пеши ӯ на мустаъор омад на вом.
34/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|