|
|
|
|
Достони он аҷуза, ки рӯйи зишти хештанро ҷандара ва гулгуна месохт ва сохта намешуд ва пазиро намеомад Буд кампире навадсола калон, Пурташаннуҷ рӯю рангаш заъфарон. Чун сари суфра рухи ӯ тӯй-тӯй, Лек дар вай буд монда ишқи шӯй. Рехт дандонҳошу мӯ чун шир шуд, Қад камону ҳар ҳисаш тағйир шуд. Ишқ шӯю шаҳвату ҳирсаш тамом, Ишқи сайду пора-пора гашта дом. Мурғи беҳангому роҳи бераҳӣ, Оташе пур дар буни деги тиҳӣ. Ошиқи майдону асбу пой не, Ошиқи замру лабу сурной не. Ҳирс дар пирӣ ҷуҳудонро мабод, Эй шақие, ки Худош ин ҳирс дод. Рехт дандонҳои саг, чун пир шуд, Тарки мардум карду саргингир шуд. Ин сагони шастсоларо нигар, Ҳар даме дандони сагшон тезтар. Пирсагро рехт пашм аз пӯстин, Ин сагони пири атласпӯш бин. Ишқашону ҳирсашон дар фарҷу зар, Дам ба дам чун насли саг бин бештар. Инчунин умре, ки мояй дӯзах аст, Мар қасобони ғазабро маслах аст. Чун бигӯяндаш, ки умри ту дароз, Мешавад дилхуш, даҳон-ш аз ханда боз. Инчунин нафрин дуъо пиндорад ӯ, Чашм нагшояд, саре барн-орад ӯ. Гар бидидӣ як сари мӯй аз маъод, ӯ-ш гуфтӣ: «Инчунин умри ту бод».
38/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|