|
|
|
|
Достони он дарвеш, ки он гелониро дуъо кард, ки Худо туро ба саломат ба хонумон бозрасонодГуфт як рӯзе ба хоҷай гелие, Нонпарасте, наргадо занбилие. Чун ситад з-ӯ нон, бигуфт: «Эй мустаъон! Хуш ба хонумони худ бозаш расон». Гуфт: «Хон ар он-ст, ки ман дидаам, Ҳақ туро он ҷо расонад, эй дижам!» Ҳар муҳаддисро хасон баддил кунанд, Ҳарфаш ар олӣ бувад, нозил кунанд. З-он ки қадри мустамеъ ояд набо, Бар қади хоҷа бурад дарзӣ қабо.
39/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|