|
|
|
|
Сифати он аҷуз Чунки маҷлис бе чунин пайғора нест, Аз ҳадиси пасти нозил чора нест. Воситон, ҳин, ин суханро аз гарав, Сӯйи афсонай аҷуза бозрав. Чун мусин гашту дар ин раҳ нест мард, Ту бинеҳ номаш аҷузи солх(в)ард. На мар ӯро раъси молу пояе, На пазирои қабули мояе. На диҳанда, на пазирандай х(в)ашӣ, На дар ӯ маъниву на маъникашӣ. На забон, на гӯш, на ақлу басар, На ҳушу на беҳушиву на фикар. На ниёзу на ҷамоле баҳри ноз, Тӯ ба тӯяш ганда монандай пиёз. На раҳе бибрида ӯ, на пойи роҳ, На табаш он қаҳбаро, на сӯзу оҳ.
40/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|