Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Дар тафсири ин хабар, ки Мустафо салавотуллоҳи алайҳи фармуд: «Ман кунту мавлоҳу фаъаллиюн мавлоҳу», то мунофиқон таъна заданд, ки бас набудаш, ки мо мутеъӣ ва чокарӣ намудем ӯро? Чокарии кӯдаке хулмолудамон ҳам мефармояд? Ило охириҳ

З-ин сабаб пайғамбари боиҷтиҳод
Номи худ в-они Алӣ мавло ниҳод.
Гуфт: «Ҳар к-ӯро манам мавлову дӯст,
Ибни амми ман Алӣ мавлои ӯст.
Кист мавло? Он ки озодат кунад,
Банди риққийят зи поят барканад.
Чун ба озодӣ нубувват ҳодӣ аст,
Мӯъминонро з-анбиё озодӣ аст.
Эй гурӯҳи мӯъминон, шодӣ кунед,
Ҳамчу сарву савсан озодӣ кунед.
Лек мегӯед ҳар дам шукри об
Бе забон, чун гулситони хушхизоб.
Бе забон гӯянд сарву сабзазор
Шукри обу шукри адли навбаҳор.
Ҳуллаҳо пӯшидаву доманкашон,
Масту раққосу хушу анбарфишон.
Ҷузв-ҷузв обастан аз шоҳи баҳор,
Ҷисмашон чун дурҷи пурдурри симор.
Марямон, бе шӯй обаст аз Масеҳ,
Хомушон, бе лофу гуфторе фасеҳ.
Моҳи мо бе нутқ хуш бартофтаст,
Ҳар забон нутқ аз фари мо ёфтаст.
Нутқи Исо аз фари Марям бувад,
Нутқи Одам партави он дам бувад.
То зиёдат гардад аз шукр, эй сиқот!
Пас наботи дигар аст андар набот.
Акси он ин ҷост: «залла, ман қанеъ»,
Андар ин тавр аст: «азза ин тамеъ».
Дар ҷуволи нафси худ чандин марав,
Аз харидорони худ ғофил машав.

129/140
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj