Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Ҳикояти он шахс, ки хоб дид, ки он чӣ металабӣ аз ясор, ба Мисри вафо шавад, он ҷо ганҷест дар фалон маҳалла дар фалон хона. Чун ба Миср омад, касе гуфт: «Ман хоб дидаам, ки ганҷест ба Бағдод, дар фалон маҳалла, дар фалон хона». Номи маҳаллаву хонаи ин шахс бигуфт. Он шахс фаҳм кард, ки он ганҷ дар Миср гуфтан ҷиҳати он буд, ки маро яқин кунанд, ки дар ғайри хонаи худ намебояд ҷустан, валекин ин ганҷи яқину муҳаққақ ҷуз дар Миср ҳосил нашавад

Буд як меросии молу иқор,
Ҷумларо хӯрду бимонд ӯ уру зор.
Моли меросӣ надорад худ вафо,
Чун ба ноком аз гузашта шуд ҷудо.
ӯ надонад қадр ҳам, к-осон биёфт,
К-ӯ ба кадду ранҷу касбаш кам шитофт.
Қадри ҷон з-он менадонӣ, эй фалон,
Ки бидодат Ҳақ ба бахшиш ройгон.
Нақд рафту кола рафту хонаҳо,
Монд чун ҷуғдон дар он вайронаҳо.
Гуфт: «Ё раб, барг додӣ, рафт барг,
Ё бидеҳ баргеву ё бифрист марг».
Чун тиҳӣ шуд, ёди Ҳаққ оғоз кард,
«Ё рабу ё раб аҷирнӣ» соз кард.
Чун паямбар гуфт: «Мӯъмин мизҳар аст,
Дар замони холие нолагар аст».
Чун шавад пур, мутрибаш бинҳад зи даст,
Пур машав, к-осеби дасти ӯ хуш аст.
Тӣ шаву хуш бош «байна исбаъайн»,
К-аз майи «ло айна» сармаст аст айн.
Рафт туғён, об аз чашмаш гушод,
Оби чашмаш заръи динро об дод.

118/140
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj