Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Достони он мард, ки вазифа дошт аз мӯҳтасиби Табрез ва вомҳо карда буд бар умеди он вазифа ва ӯро хабар на аз вафоти ӯ ҳосил аз ҳеч зиндае воми ӯ гузорда нашуд, илло аз мӯҳтасиби мутаваффо гузорда шуд, чунонки гуфтаанд:

Лайса ман мота фастароҳ бимайт,
Иннама-л-майту маййиту-л-аҳё.



Он яке дарвеш з-атрофи диёр
Ҷониби Табрез омад вомдор.
Нӯҳ ҳазораш вом буд аз зар магар,
Буд дар Табрез Бадруддин Умар.
Мӯҳтасиб буд ӯ ба дил баҳр омада,
Ҳар сари мӯяш яке ҳотамкада.
Ҳотам ар будӣ, гадойи ӯ шудӣ,
Сар ниҳодӣ, хоки пойи ӯ шудӣ.
Гар бидодӣ ташнаро баҳре зулол,
Дар карам шарманда будӣ з-он навол.
В-ар бикардӣ зарраеро машриқе,
Будӣ он дар ҳимматаш нолоиқе.
Бар умеди ӯ биёмад он ғариб,
К-ӯ ғарибонро будӣ хешу насиб.
Бо дараш буд он ғариб омӯхта,
Воми беҳад аз атояш тӯхта.
Ҳам ба пушти он карим ӯ вом кард,
Ки ба бахшишҳош восиқ буд мард.
Лоуболӣ гашта з-ӯву вомҷӯ
Бар умеди қулзуми икромхӯ.
Вомдорон рӯтуруш, ӯ шодком,
Ҳамчу гул хандон аз он равзулкиром.
Гарм шуд пушташ зи хуршеди араб,
Чӣ ғам асташ аз сиболи Булаҳаб?
Чунки дорад аҳду пайванди саҳоб,
Кай дареғ ояд зи саққоёнаш об?
Соҳирони воқиф аз дасти Худо
Кай ниҳанд ин дасту поро дасту по?
Рӯбаҳе, ки ҳаст з-он шерон-ш пушт,
Бишканад каллай палангонро ба мушт.

93/140
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj