Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсини
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Мавлоно
ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ


Зиндагинома;

Ташбеҳу муқобалаҳои бадеъ, тамсилу талмеҳоти васеъ, ибораву ифодаҳои фасеҳ ва панду мавъазаҳои балеғи «Маснавӣ» дар давоми садсолаҳо мақбулу маҳбуби ҳамагон ва вирди забони пиру ҷавон гардида, шӯҳрату мақомашро дар олами ислому ирфон ва фарсахҳо дуру берунтар аз он устувор гардонидаанд. Аз гуфтаи аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки ҳар каси мустафод аз «Маснавӣ»-ву навиштаҳои дигари Мавлоно метавонист онро ба забон оварад:

Нуктаҳо аз Пири Рум омӯхтам,
Хешро дар ҳарфи ӯ восӯхтам.

Боз бархонам зи файзи Пири Рум
Дафтари сарбаста асрори улум!

Бемуҳобо, агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таърихномаи муназзаму муаззами наҷобату қаҳрамониҳои ниёкони сарафрози мо бошад, «Маснавии маънавӣ»-ро ҷасурона метавон донишномаи ахлоқи ҳамидаи инсониву исломии халқамон номиду шуморид.

Устод Халифа Абдулҳаким дар мақолаи мустанаду мудаллалу муфассали худ «Ирфони Мавлоно» ҳақбинона ба таъкид овардааст, ки «Ҷалолиддини Румӣ бузургтарин шоири орифи ислом аст. Бидуни тарс аз мухолафат метавон гуфт, ки дар саросари қаламрави адабиёти орифонаи ҷаҳон касеро наметавон ёфт, ки аз ҷиҳати умқ (-и тафаккур – А.Р.), ҷомиийяту вусъати садр (донишу биниши олӣ – А.Р.) назири ӯ бошад».

Ҳамин тариқ, аз нигоҳи донишварони паҳнобину жарфонигар, «муносиб аст, ки қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ (сездаҳуми мелодӣ – А.Р.)-ро қарни пӯёии завқу андеша ва қарни Шамсу Мавлавӣ дар ирфону тасаввуф номгузорӣ кунем. Дар ин даврон буд, ки баъд аз Аттор (Фаридуддини Аттори Нишопурӣ (1145 – 1221), шоири машҳури мутасаввифи тоҷику форс, ки дар баробари Абулмаҷди Саноии Ғазнавӣ (1080 – 1140), суханвари дигари мутасаввифи тоҷику форс, устоду пешвои Мавлоно шинохта шудааст, – А.Р.) сайру сулук (тариқату маърифати ирфонӣ-тасаввуфӣ – А.Р.) симои дигару истиҳкому ҷазолати бештаре касб карду тариқи растагории инсон матраҳ гардид ва Мавлавӣ мехост ба кӯмаки роҳнамояш ҳамаи улуми замонро таҳти таъсири андешаҳои худ қарор диҳад. Таҳаввули ногаҳониву ҳайратбори рӯҳӣ, ки ниҳоятан вайро ба пойкӯбӣ, чархишу самоъ дар фазои боз раҳнамун гардид, аз ҳамин даврон оғоз шуду алорағми кӯшише, ки мухолифин барои лағви шеваи тозаи тасаввуф (ҳамон тариқати «Мавлавия», ки Мавлоно бунёдаш ниҳода буд – А.Р.) ба амал оварданд, Мавлоно муваффақ гардид ба жарфои рӯҳии бисёре аз ёрону муридони мумтози хеш нуфуз намудаву сӯфиёни ростин исоргару вафодоре тарбият кунад» (Атоуллоҳи Тадайюн).

Дар «Девони Кабир» ба нуктаву ишораҳое бармехӯрем, ки бахше аз ёрону наздикони Мавлоно аз вай исроркоронаву пофишорона дархост мекардаанд, ки то мухолифини ӯву мухосимини тасаввуфу мавлавия дар Руми Шарқӣ каме хомӯш шаванд, беҳтар аст машраби ошиқона (маслаки пешгирифтаи ирфонӣ-тасаввуфи)-и худро ба сӯе гузорад ё муваққатан андешаҳои машҳуну мавзунашро ба забон наёвардаву муддате фаромӯшашон кунад!

Бунёдгузори шеваи навин дар тасаввуф (Мавлоно – А.Р.) дар ин маврид қотеона чунин изҳори назар мекунад:

Гӯянд рафиқонам: аз ишқ бипарҳезам,
Аз ишқ бипарҳезам, пас бо кӣ биёвезам?!

Ё аз Мавлоно дархост мешуд шабҳо муддатеро ба самоъ ихтисос диҳаду бақии соот биёромад. Аммо Мавлавии саргаштаву шӯрида ба муридонаш зоҳиран посухе намедоду замоне, ки хоб бар онҳо чира мешуд, барои роҳати эшонро халалдор насохтан такя ба девор медоду сар бар зону мениҳод, то онҳо бетакаллуф бихобанд. Вақте ки онҳо дар хоб мешуданд, аз ҷой бармехосту саргарми зикр мегардид:

Ҳама хуфтанду мани дилшударо хоб набурд,
Ҳама шаб дидаи ман бар фалак истора шумурд.
Хобам аз дида чунон рафт, ки ҳаргиз н-ояд,
Хоби ман заҳри фироқи ту бинӯшиду бимурд!

«Пас, муҳаррики Мавлоно дар баёни асрор (ҳамон «кашфи асрори вусулу яқин», ки дар муқаддимаи «Дафтари аввал»-и «Маснавӣ» таъкид ёфтааст – А.Р.) ишқ ё маъшуқ бувад, ки ин ҳар ду бо Ҳақ ягонаанд. Ин шеъру навои рӯҳангез, ки аз гулӯи вай бармеояд, аз ӯ нест, балки ишқ ё маъшуқ аст, ки ба забони ӯ сухан мегӯяду бар пардаҳои гулӯяш оҳанги шарарбор мерезад» (Бадеъуззамони Фурӯзонфар):

Мо табъи ишқ дорем, пинҳони ошкорем,
Дар шаҳри ишқ пинҳон, дар кӯйи ишқ фошем!

Аслан, мутобиқи қавонину муқаррароти собити адабӣ, шоир бояд дар ибтидо мазмуни дилангезу сипас вазни муносиберо интихоб кунаду баъдан аз дунболи қофия бошад. Аммо равиши кори Ҷалолиддини Балхӣ, чунон ки қаблан ишора рафт, чунин будааст, ки шабҳои самоъ ба даври сутуне дар манзилаш ё дар толори бошукӯҳи Парвона, вазири аъзам Кайқубоди Салҷуқӣ, мечархиду дар ҳоли хуши ваҷду ҷазаба ва муҳити пурҷӯши мусиқиву дастафшониву пойкӯбӣ ғазал мегуфту месуруд.

Ғазалиёти Мавлоноро, ки дар нусхаҳои гуногун мураккабу мураттаб аз қариби 50 000 байтанду дар «Девони Шамси Табрезӣ» (маъруф ба «Девони Кабир») фароҳам омадаанд, аз лиҳози мазомину маъонӣ метавон ба тартиби зерин таснифу табақабандӣ намуд:

  • Ғазалҳое, ки ишқу муҳаббати сӯзони байни инсонҳо – мардону занонро меситоянд.

  • Ғазалҳое, ки таълимоти пурпечутоби ирфонии муаллиф ва ишқу робитаи рӯҳонии сӯфиёнаро нисбат ба Худо тараннум мекунанд.

  • Ғазалҳое, ки муҳаббату садоқати шахсии Мавлоноро нисбат ба ёру дӯстон ва муршиду муридонаш ифода месозанд.

  • Ғазалҳое, ки фикру андешаҳои умумиинсонии башардӯстона ва панду ҳикмати ибратомӯзи мактаби рӯзгори нотакрори Мавлоноро таҷассум менамоянд.

  • Ғазалҳое, ки дар онҳо Мавлоно нуқсу қубҳи замонаву ҳамзамононашро мавриди танзу танқиди шадид қарор медиҳад.

Мавлоно дар 55 баҳри мухталиф ғазал офаридааст, ки дар шеъру адаби деринасоли форсии дарии тоҷикӣ ҳеҷ як аз шуаро натавониста, ки ба ин андоза тавсеа дар авзони (вазну баҳрҳои арӯз)-и ғазал дода бошад, он ҳам авзони матруке, ки дар шеъри қадими тоҷикии форсӣ вуҷуд доштаву баъдан аз гардиш баромадаанд.

Тамоми чунин авзонро даҳои Мавлоно мухтариъ будааст, ки беҳтар аз авзони маъмула (анъанавӣ, мавриди истифода, маъмулӣ – А.Р.) воқеъ афтодаанд («Ёдномаи Мавлавӣ», Интишороти ЮНЕСКО дар Эрон, саҳ.156).

Аз гуфтаи Атоуллоҳи Тадайюн, «дарозии ғазалҳои «Девони Шамс», ки гоҳе (аз се – А.Р.) то чиҳил ва, ҳатто, ба шаст байт мерасад (дар сурате, ки барои ғазал ҳадди мутавассите, ки таъйин кардаанду аз он таҷовуз наметавон кард, дар ҳудуди понздаҳ байт аст), ношӣ (пайдошуда – А.Р.) аз ин зарурат мебошад, ки «дар хароботи дилаш андешаҳост». Ин андешаҳо, ки «дарҳам афтода чу мастон», бидуни риояти таносуб, дар абёти ғазал зоҳир мешаванд ва худ ин хуруҷ (берунравӣ – А.Р.) аз меъёри мутаорифу маълуф (маъмуливу одатӣ – А.Р.) ба ғазал хосияти манотиқи ваҳшиву кӯҳистоние медиҳад, ки танаввуи манозир (гуногунии манзараҳои тасвиршаванда – А.Р.)-у гуногунии мутаволӣ (пайдарҳамӣ, дарозо – А.Р.)-и табиат намегузорад малоли якнавохтӣ (якрангӣ – А.Р.) ба ҷони кунҷкови мо роҳ ёбад. Гӯӣ, вазну қофия (дар ғазалиёти «Девони Шамс» – А.Р.) сарошебест, ки Мавлоно наметавонад худро дар он нигоҳ дорад ё шавқи асҳобу ҳавориюн (дӯстону шогирдон — А.Р.) ба нӯшидани шароби рӯҳонии ӯ вайро ба гуфтан мекашонад:

Ту даҳонро чу бибандӣ, хамӯширо писандӣ,
Кашишу ҷазби надимон нагузоранд хамӯшат!».

Бешубҳа, чунон ки пештар гӯшрас шуд, аксари ғазалҳои дилошӯби Мавлоно дар маросими рақсу самоъу кафзанию пойкубии дарвешон, дар зери навои тарабангези дафу наю чангу рубоб, дар ҳалқаи муносиби дӯстони мувофиқ суруда шудаанд. Аз ин рӯ, ҳамеша аз онҳо нағмаи суруди зиндагӣ ва садои тарабу хушӣ ба гӯш мерасад:

Рав, он рубобиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»
В-он мурғи обиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!».
В-он мири соқиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»,
В-он умри боқиро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»,
В-он мири ғавғоро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!»,
В-он суду савдоро бигӯ: «Мастон саломат мекунанд!».

Таронағазалҳои Мавлоно ғолибан дар сифоту таҷаллиёти ишқу ошиқӣ гуфта шуда бошанд ҳам, ҳалли мавзӯи печида дар коргоҳу дидгоҳи шоир ба таври вижае сурат гирифтааст. Ишқи Мавлоно асоси моддӣ дошта, аз моддиёти заминӣ сарчашма мегирад. Ӯ бе дилбастагӣ ба мавҷуде моддӣ маърифати мавҳуми самовиро тасаввур намекунад ва карда ҳам наметавонист, зеро, дар ҳақиқат, ҳар чизи нодидаро дар қиёси дида тасаввур метавон карду бас.

«Он чи мо ҳоло мегӯем, ки Мавлоно «ишқи ирфонӣ» месуруд, ҳамон ишқи оламгиру ҷаззобест, ки аз мушоҳидаи ҷамоли Бурҳонуддини Тирмизӣ, Шамсуддини Табрезӣ, Салоҳуддини Қуниявӣ ва Ҳусомуддини Чалабӣ ҳосил гардидааст ва агар мо вазъи Мавлонову дилбохтагони ӯро ба сароҳат бидонем, асоси моддиву мабдаи заминӣ доштани ғазалҳои шӯрангези ӯро ба осонӣ метавонем таъйид кард» (Саҳобиддин Сиддиқов).

Воқеан, Мавлоно маъшуқ — инсонро, инсони зинда, хоса Шамси Табрезиро, ба дараҷаи Илоҳӣ бардошта, барояш қудрату манзалати беҳамтоеро маръӣ доштааст:

Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!

Зотеду сифотеду гаҳе аршу гаҳе фарш,
Дар айни бақоеду муназзаҳ зи фаноед!

Ҳар рамз, ки Мавло бисарояд ба ҳақиқат,
Медон, ки бад-он рамз сазоед, сазоед!

«Ман»-и шоир дар ғазалиёти шӯрангези худ риштаи тақдири башарро аз осмон даррабуда, ба дасти худи инсон додааст; одамро аз қайди олами боло озод намуда, барояш истиқлоли том бахшидааст; аз тамоми мавҷудоти олами улвию сифлӣ инсонро муқаддамтар ва аз тамоми муқаддасот муқаддастар гардонидааст, ки дар арсаи эҷоду эрод олитару волотар аз он набудаасту намебошад.

Ғазалиёти Мавлоноро дар асоси мазомину мӯҳтаво шартан ба гурӯҳҳо ҷудо кардан имконпазир бошад ҳам, дар «Девони Шамси Табрезӣ» «пайваста дар ғазале як андеша дунбол намешаваду татобуъ (ҷустуҷӯ, таҳқиқ – А.Р.)-и як матлаб (мавзӯъ – А.Р.) дар кор (имконпазир – А.Р.) нест: гоҳе як ғазал монанди анбори пурмояе аз колоҳои гуногун анбошта шудааст.

Илова бар ин, ғолибан, шавоҳиди матлабе (мисолҳое барои тасдиқи мавзӯе – А.Р.) тамоман дар як ғазал нест: аз чанд ғазалу гоҳе аз ҳар ғазал чанд байт бояд нақл кард, то аз маҷмӯи онҳо шаммае аз матлаби мавриди назар гуфта шаваду гоҳе матлабе дар чанд ғазал ба таъбироти мухталиф омадааст, ки шахс дареғ дорад аз ҳамаи онҳо чашм бипӯшаду овардани ҳамаи онҳо низ чандон писандидаву муносиби навиштае мухтасар нест» (Атоуллоҳи Тадайюн), ки навиштаи ҳозираи мо ҳам аз ин қоида мустасно нест ва чунин ҳолу мисолҳоро дар «Девони Кабир»-и оламгир фаровон мулоқӣ метавон гардид.

Хулосаи калом, дар мавриди эҷоду бунёди 3 500 ғазали «Девони Шамси Табрезӣ», ки дар 55 қолаби арӯзи форсии тоҷикӣ рехта шуда, камобеш 50 000 байтро ташкил медиҳанд, аз ҷониби Мавлоно санъатҳои лафзиву маънавии наву куҳани бадеъ фаровон истифода шуда, бино бар мушоҳидаи устод Бадеъуззамони Фурӯзонфар, «дар ҳудуди 75 000 таркиботи васфиву изофӣ» ба кор андохта шудааст, ки «10 000-и он ихтироъкардаи андешаву замири Мавлоност».

Бояд афзуд, ки ғазалиёти «Девони Кабир» аз лиҳози ғановати қофияву радифбандӣ ва корбасти дигар аносири меъмории сухан ҳам ҷолибу мумтозанд ва чунин аҳволу осори навоваронаву қолабшиканонаро дар ашъори ягон шоири дигари пешину пасини форсигӯ наметавон мулоқӣ гардид: ӯ дар як ғазал гоҳо калимаи қофияро чанд маротиба тағйир дода, ҳамон радифро боқӣ мегузорад; аксари радифоташ такрору дарозу нодиранд; саҷъи дохилиро фаровон истифода мебарад; дар охири абёташ баъзе каламоти бемаъниро, монанди «тан-тан», «лам – лам», «қум – қум», «лаб – лаб» ва ғайра…, радифвор пайиҳам мечинад, ки халқияту оммавияту мусиқавияти суханонашро қавитар мегардонанд:

Дили ман, дили ман, дили ман бари ту,
Рухи ту, рухи ту, рухи бофари ту!

Ва ё:

Боз омадам, боз омадам, ҳозо ҷунун-ал- ошиқин,
Бе сӯзу бо соз омадам, ҳозо ҷунун – ал – ошиқин!

Ва ё:

Ҳилат раҳо кун, ошиқо, девона шав, девона шав,
В-андар дили оташ даро, парвона шав, парвона шав!

Дар ҳақиқат, ашъори ғаноии Мавлоно, ки сокину вассофи беназири Шаҳри Бузурги Ишқ аст, батамом андар қолаби адвори мухталифи мусиқӣ рехта шуда, бар муроди шоири мутарғиби ғояҳои баланди инсондӯстӣ хидмат кардаанд. Аммо мусиқавияту хушоҳангии ашъори Мавлоно дар нисбати офаридаҳои салису нафиси дигар устодони сухани форсии тоҷикӣ фарқи боризе дорад. Фарқият дар он аст, ки зеру бами мусиқӣ дар осори манзуми Мавлоно бори гарони фалсафӣ – тасаввуфиро бар дӯш доранд ва навои ҷони орифи пурисёни дилсӯзон мебошанд:
Дар ғайб ҳаст уде,
К-ин ишқ аз ӯст дуде!

Чунон ки донишманди бузурги Мавлавию Маснавишинос профессор Реналд Алан Николсон дар ин бора менависад, «сӯфиёнро ақида бар он аст, ки пайвастагии таъсири рӯҳонии мусиқӣ бо рӯҳ амре азалисту ба ҳангоми истимоъ онҳо (сӯфиён – А.Р.) бори дигар овои Ҳақро мешунаванд, ки ҷумлагӣ арвоҳи башарӣ дар абадият бад-он ово посух медоданд (Қуръони Карим, сураи 7, ояти 172)-у ба ҳамин тариқ бо сурудаҳои сипоҳи осмонӣ ҳамовоз гаштанд».

Ҳамчунин, сазовори таъкид аст, ки Мавлоно дар ҷараёни гуфтани ҳам «Маснавӣ»-ю ҳам «Девони Кабир» хусусиёту мушаххасоти тамоми сабку равиши адабии роиҷи то замони худу баъди онро, монанди сабки хуросонӣ, ироқӣ, ҳиндӣ, бозгашт ва ғайра, мутаҷассим доштааст, ки далели дигари вусъати нопайдоканори андешаву қудрати нотакрори суханварии ӯ мебошад, ки ҳамчун падидаи нодиру беназире ҳамагон эътирофаш кардаанд.

Ҳамин тариқ, «Девони Шамс» дарёест, оромиши он зебову ҳаяҷони он фитнаангез аст; мисли дарё пур аз мавҷ, пур аз каф, пур аз бод аст. Мисли дарё ҷилвагоҳи рангҳои гуногун аст: сабз аст, обист, бунафш аст, нилуфарист. Мисли дарё ойинаи осмону ситорагону маҳалли таҷаллии ашааи Меҳру Моҳу Офаринандаи нақшҳои ғуруб аст. Мисли дарё аз ҳаракату ҳаёт лабрез асту дар зери зоҳири сайқаливу ором дунёе пур аз тапишу пур аз талоши тамомнашудании зиндагӣ дорад.

«Девони Шамс» девони шеър нест, ғавғои як дарёи муталотими тӯфонист.

«Девони Шамс» инъикоси як рӯҳи ғайриорому пур аз ҳаяҷону лабрез аз шӯру ҷазаба аст.

Нахустин хусусияте, ки аз ғазалиёти Ҷалолиддин ба чашм мехӯраду ӯро аз соири шуаро мумтоз мекунад, ин аст, ки ӯ намехоҳад шеър бигӯяд: мехоҳад эҳсосоти гунгу мубҳами худро бигӯяд. Ӯ «гунги хобдидаест»-у мехоҳад барои карҳо хоби худро бигӯяд. Ӯ дар уқёнусе даступо мезанаду ин даступозадан ба сурати каламоти мавзуну хушоҳанг дармеояд» (Алии Даштӣ).

Оре, шеъру таронаҳои дарёӣ, фикру андешаҳои уқёнусӣ ва панду ҳикматҳои зоҳиран орому «хоболуд»-у ботинан туғёниву тӯфонии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ –яке аз номбардортарин зодагони Модари бузургонофарини тоҷик ва фурӯзонфартарин андешамандони осмони фазлу хиради миллати ориёнажодамон имрӯз ҳам, баъди садсолаҳои мутамодӣ моро бедору ҳушёр ва устувору барқарор нигаҳ медоранд, ба сулҳу ваҳдату озодӣ, камолоту тараққиёт ва худшиносиву Худошиносӣ ҳидоятамон мекунанд:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,
Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад!


Бозгашт

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj