|
Ҷилди I: РАФТАНИ ҲУШАНГ ВА КАЮМАРС БА
ҶАНГИ ДЕВИ СИЁҲ
Сиёмак хуҷаста яке пур дошт,
Ки назди ниё ҷои дастур дошт.
Гаронмояро ном Ҳушанг буд,
Ту гуфтӣ, ҳама ҳушу фарҳанг буд.
Ба назди ниё ёдгори падар,
Ниё парварида мар ӯро ба бар.
Ниёяш ба ҷои писар доштӣ,
Ҷуз ӯ бар касе чашм нагмоштӣ.
Чу бинҳод дил кинаву ҷангро,
Бихонд он гаронмоя Ҳушангро.
Ҳама гуфтаниҳо бад-ӯ бозгуфт,
Ҳама розҳо баркушод аз нуҳуфт.
Ки ман лашкаре кард хоҳам ҳаме,
Хурӯше баровард хоҳам ҳаме.
1 2 3 >>> |