|
Ҷилди I: ПИЖӮҲИШ КАРДАНИ МӮБАДОН
АЗ ЗОЛ
Бихонд он замон Золро шаҳрёр,
К-аз ӯ хост кардан сухан хостор.
Нишастанд бедордил бихрадон,
Ҳамон Зол бо номвар мӯбадон,
Бад-он то бипурсанд аз ӯ чанд чиз,
Суханҳои бинҳуфта дар парда низ.
Бипурсид аз Золи Зар мӯбаде,
Аз ин тезҳуш роҳбин бихраде,
Ки «Дидам даҳу ду дарахти саҳӣ,
Ки рустаст шодоб бо фарраҳӣ.
Аз он барзада ҳар яке шох сӣ,
Нагардад каму беш дар порсӣ».
Дигар мӯбаде гуфт: «Эй сарфароз,
Ду аспи гаронмояи тезтоз,
1 2 3 >>> |