|
Ҷилди III: САРКАШӣКАРДАНИ ТУС АЗ КАЙХУСРАВ
Яке кохи Кашвод буд дар Ситахр,
Ки озодагонро бад-он буд фахр.
Чу аз тахти Ковус бархостанд,
Ба айвони ӯ рафтан оростанд.
Ҳаме гуфт Гударз бо шаҳрёр,
Чу омад бад-он гулшани зарнигор.
Бар авранги заррин-ш биншонданд,
Ба шоҳ? бар ӯ офарин хонданд.
Бубастанд гурдони Эрон камар,
?уз аз Туси Нузар, ки печид сар,
Ки ӯ буд бо кӯсу зарринакафш,
Ҳам ӯро буд? ковиён? дурафш.
Аз он кор Гударз шуд тезмағз,
Паёме бари ӯ фиристод нағз.
1 2 3 4 5 6 >>> |