|
Ҷилди V: Дахма кардани Кайхусрав бар Пирон ва
сарони Турон ва куштан Гурӯи Зиреҳро
Чу аз рӯз нӯҳ соат андаргузашт,
Хур аз гунбади чархи гардон бигашт,
Ҷаҳондор Хусрав ба назди сипоҳ
Биёмад бар он дашт бо фарру ҷоҳ.
Пазира шудандаш пиёда сарон,
Ҳама номдорону ҷанговарон.
Бар ӯ хонданд офарин бихрадон,
Ки эй шаҳрёру сари мӯбадон,
Ба тан зиндапилу ба ҷон Ҷабраил,
Ба каф абри баҳман, ба дил рӯди Нил,
Чунон ҳам ҳаме буд бар асп шоҳ,
Бад-он то бубинанд рӯяш сипоҳ.
Бар эшон ҳаме хонд* шоҳ офарин,
Ки обод бодо ба гурдон замин.
1 2 3 4 5 6 7 8 9 >>> |