То андар он миёна, ки бинанд рӯи ӯ,
Ту низ дар миёнаи эшон нишиниё!
Шеби ту бо фарозу фарози ту бо нишеб,
Фарзанди одамӣ ба ту андар ба шебу теб. Мурғ дидӣ, ки бачча з-ӯ бибаранд,
Чов-чов- андар асту ҷӯён аст?! Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,
Рустами Дастон туӣ андар набард. Дер зиёд он бузургвор худованд,
Ҷони гиромӣ ба ҷон-ш- андар пайванд!
Бифканад оташ андар дили ҳусн,
Он чи ҳиҷрони ту аз сина фиканд.
Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид!
Бо ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳаму гар не,
Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд.
Бод якчанд бар ту паймояд,
Андар оташ раво шавад бозор.
Хоҳӣ андар анову шиддат зӣ,
Хоҳӣ андар амон ба неъмату ноз! Саҳифаи 1/5 |