Ҷаҳон ин асту чунин аст, то буд,
Ва ҳамчунин бувад, инанд боро!
Касе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон,
Яқин бидон ту, ки дом аст нон-ш мар ҷонро!
Ҳарчанд навбаҳор ҷаҳон аст ба чашм хуб,
Дидори хоҷа хубтар аз он меҳтари ҳасиб.
Шаби ошиқ-т лайлатулқадр аст,
Чун ту берун кунӣ рух аз ҷилбеб. Имрӯз, ба ҳар ҳоле, Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост. Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чун наку бингарӣ, ҳама панд аст.
Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махӯр зинҳор,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
Замона гуфт маро: «Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!». Ин ҷаҳон поку хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бадист,
Шодии ӯ ба ҷойи тимор аст. Саҳифаи 1/8 |