Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр,
Бизанам наъра, валекин зи ту бинам ҳунаро.
Ки аз ту ҳеҷ мурувват тамаъ намедорам,
Ки кас надида зи сангиндилон мадороро. Ба ҳақ нолам зи ҳиҷри дӯст зоро,
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.
Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.
В-ин фижаҳпир зи баҳри ту маро хор гирифт,
Бираҳонод аз ӯ эзади ҷаббор маро.
Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ,
Чунон ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯси ба ҳинно шуда хазиб.
Акнун зи баҳори монавитабъ,
Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст.
Боз чун баргирифт парда зи рӯй,
Карвадандону пуштчавгон аст. Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад. Саҳифаи 1/12 |