Асари мир нахоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон,
Мир хоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон-дар асаро.Пӯпак дидам ба ҳаволӣ(и) Сарахс,
Бонгак барбурда ба абр-андаро.
Чу Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро. Ба ҳақ нолам зи ҳиҷри дӯст зоро,
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.
Ҷаҳон ин асту чунин аст, то буд,
Ва ҳамчунин бувад, инанд боро!
Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад,
Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо. Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро. Кас фиристод ба сир-андар айёр маро,
Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро. Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам,
Ки номи неки ту дом асту зарқ мар нонро. Саҳифаи 1/36 |