Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр,
Бизанам наъра, валекин зи ту бинам ҳунаро.
Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.
Чу ориз барфурӯзӣ, мебисӯзад,
Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро.
Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро.
Агарчи хомӯш мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман бар вай гардад офарини туро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе.
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!
Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Остин бигрифтамаш, гуфтам, ки меҳмони ман ой,
Дод пӯшида ҷавобам: «Мӯрду анҷиру кулӯх!»
Эй ман муқаддам аз ҳама ушшоқ, чун туӣ,
Мар ҳуснро муқаддам чун аз каломи қад. Сарсари ҳиҷри ту, эй сарви баланд,
Решаи умри ман аз бех биканд! Саҳифаи 1/9 |