Кас фиристод ба сир-андар айёр маро,
Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро.
В-ин фижаҳпир зи баҳри ту маро хор гирифт,
Бираҳонод аз ӯ эзади ҷаббор маро. Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чун наку бингарӣ, ҳама панд аст. Маро ту роҳати ҷонӣ, муояна, на хабар,
Киро муояна ояд, хабар чӣ суд кунад?! Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чи дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд!
Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон,
Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.
Эй турки камарбаста, чунонам зи фироқат,
Гӯянд, қабои ту маро пираҳан ояд. Маро ҷуди ӯ тоза дорад ҳаме,
Магар ҷудаш абр асту ман киштзор?! Гар на бадбахтаме, маро кӣ фиканд
Ба яке ҷоф-ҷофи зудғарас?
Ӯ маро пеши шер бипсандад,
Ман натовам бар ӯ нишаста магас. Страница 1/4 |