На подир бояд туро, на сутун,
На девори хишту на з-оҳан даро!Ба саройи сипанҷ меҳмонро
Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост.
Чун туро дид зард гуна шуда,
Сард гардад дилаш, на нобиност.
Замона гуфт маро: «Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!».
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст?!
Куниши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст.
На ба охир ҳама бифарсояд,
Ҳар кӣ анҷомрост, фарсуданист!
Ин теғ на аз баҳри ситамкорӣ карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт. Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд.
Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки ба сармо фисурд. 1/6 |