На подир бояд туро, на сутун,
На девори хишту на з-оҳан даро!Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.
Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту,
Агар бибинам бар мӯҳри ӯ нигини туро.
Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро.
Агарчи хомӯш мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман бар вай гардад офарини туро.
Чун туро дид зард гуна шуда,
Сард гардад дилаш, на нобиност.
Гуфто, ки: «Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз, ки ӯро бикушад он, ки туро кушт?» Зулфи туро ҷим кӣ кард, он ки ӯ
Холи туро нуқтаи он ҷим кард.
Қанд ҷудо кун аз ӯй, дур шав аз заҳри данд,
Ҳар чӣ ба охир беҳ аст ҷони туро, он писанд! Саҳифаи 1/4 |