Ҳазор бор худоро шафеъ меорам,
Вале чӣ суд, чу ту нашнавӣ “Худоро”-ро?!
Бо касон буданат чӣ суд кунад,
Ки ба гӯр-андарун шудан танҳост!
Боду абр аст ин ҷаҳони фусӯс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод!
Қанд ҷудо кун аз ӯй, дур шав аз заҳри данд,
Ҳар чӣ ба охир беҳ аст ҷони туро, он писанд!
Буд аз неъмат он чӣ пӯшиданд
В-он чӣ доданду он чиро х(в)арданд. Маро ту роҳати ҷонӣ, муояна, на хабар,
Киро муояна ояд, хабар чӣ суд кунад?!
Сипар ба пеш кашидам хаданги қаҳри туро,
Чу тир бар ҷигар ояд, сипар чӣ суд кунад?!
Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯи мушкинмӯй,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?!
Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,
Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд.
Андӯҳу андешаро дароз чӣ дорӣ?
Давлати ту худ ҳамон кунад, ки бибояд! صحیفه 1/4 |