Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб. Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чун наку бингарӣ, ҳама панд аст.
Боз чун баргирифт парда зи рӯй,
Карвадандону пуштчавгон аст.
Эй ман муқаддам аз ҳама ушшоқ, чун туӣ,
Мар ҳуснро муқаддам чун аз каломи қад.
Хомӯш кун чун нуқат, эро малак,
Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд.
Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне,
Роду сухандону шермарду хирадманд.
Кас нашиносад ҳаме, ки кӯшиши ӯ чун,
Халқ надонад ҳаме, ки бахшиши ӯ чанд.
Чарх наёрад бадили ту зи халоиқ
В-он ки туро зод, низ чун ту назояд. Дареғи мидҳати чун дурру обдор ғазал,
Ки чобукиш наёяд ҳаме ба лафз падид. Саҳифаи 1/7 |