Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саман бодро табиб.
Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт, гул гирифт,
Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб.
Они малак бо малакӣ рафт боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.
Соф буд, омехта бо дурди май,
Бар сари хум рафту ҷудо шуд зи дурд.
Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд,
Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд!
Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд,
Нишоти ӯ ба фузун буду бим нуқсон буд.
Ба рӯз чунки наёраст шуд ба дидани ӯ,
Ниҳеби хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд.
Шуд он замон, ки ба ӯ унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт,
Шуд он замона, ки ӯ Шоири Хуросон буд.
Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз тӯҳмат,
Савум Яъқубро аз бӯш равшан гашт чашми тар. Саҳифаи 1/5 |