Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Ин ҳама яксара тамом шудаст,
Назди ту, эй бути мулукфиреб! Эй рӯйи ту чу рӯз далели муваҳҳидон
В-эй мӯи ту чунон чу шаби мулҳид аз лаҳад!
Эй ман муқаддам аз ҳама ушшоқ, чун туӣ,
Мар ҳуснро муқаддам чун аз каломи қад.
Дар сафар афтанд ба ҳам, эй азиз,
Марвазию розию румию курд,
Эй малак, аз ҳоли дӯстон-ш ҳаменоз,
Эй фалак, аз ҳоли душманон-ш ҳамеханд! Ҷуз он ки мастии ишқ аст, ҳеҷ мастӣ нест.
Ҳамин бало-т бас аст, эй ба ҳар бало хурсанд! Сарсари ҳиҷри ту, эй сарви баланд,
Решаи умри ман аз бех биканд!
Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯи мушкинмӯй,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?!
Ту Рӯдакиро, эй моҳрӯ, кунун бинӣ,
Бад-он замона надидӣ, ки ин чунинон буд. Саҳифаи 1/6 |