Ҷаҳон ин асту чунин аст, то буд,
Ва ҳамчунин бувад, инанд боро!
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саман бодро табиб.
З-омада шодмон бибояд буд,
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ӯ ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.
Соф буд, омехта бо дурди май,
Бар сари хум рафту ҷудо шуд зи дурд.
Сирати ӯ буд вайҳнома ба Кисро,
Чунки ба ойин-ш «Панднома» биёканд.
Буд аз неъмат он чӣ пӯшиданд
В-он чӣ доданду он чиро х(в)арданд. Агарчи узр басе буд, рӯзгор набуд,
Чунон ки буд, ба ночор хештан бахшуд. Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чи дандон буд,
Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд!
Сапедсимизада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд. Страница 1/7 |