Резолютсияи Конференсияи байналмилалии
«Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ»
Ин санад диди иштирокчиёни Конференсияи байналмилалиро дар мавзӯи «Забони тоҷикӣ (форсӣ) ва технологияҳои иттилоотӣ», ки дар таърихи 28-29 майи соли 2008 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, инъикос менамояд.
Конференсия бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 478 аз 13 сентябри соли 2007 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Ширкати телекоммуникатсионии «Babilon-T», ташкилотҳои байналмилалии Релиф Интернешнл – Скулз Онлайн, Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад, Маркази технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва Фонди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет ташкил ва гузаронида шуд. Ташаббускор ва баргузоркунандаи Конференсия Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ҳадафи Конференсия ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба масъалаҳои созгор намудан ва истифодабарии забони тоҷикӣ дар технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ (ТИИ) мебошад.
Ҷалби диққати мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба мушкилоти кунуниву ояндаи фазои рақамии кишвар ва саҳмгузорӣ дар фаъол намудани кори ташкилоту идораҳо, табақаи эҷодкору мутахассисони алоҳида баҳри ғанӣ гардонидани мӯҳтавои тоҷикии Интернет тақозои замони мо ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир Конференсия масоили гуногуни ҷомеаро аз қабили сарчашмаҳои интернетӣ ба забони тоҷикӣ, фарҳанги рақамӣ (луғатҳои дастраси электронӣ, истилоҳоти технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба забони тоҷикӣ, одоби истифодаи ин технологияҳо), забоншиносии компютерӣ, забоншиносии пайкаравӣ, коркард ва таҳлили матнҳои тоҷикӣ, пайкараҳои электронӣ, масъалаҳои бунёди пайкараи миллии забони тоҷикӣ, сохтан ва мавриди татбиқ қарор додани имлосанҷи худкори компютерии забони тоҷикӣ, мушкилоти тарҷумаи электронӣ ба забони тоҷикӣ, системаҳои донишандӯзии электронӣ, мубодилаи электронӣ ба забони тоҷикӣ, китобхонаҳои электронӣ, воситаҳои нави мубодилаи иттилоот, маҳаллисозӣ ва бунёди нармафзорҳоро ба забони тоҷикӣ баррасӣ намуда роҳҳои рушди ин соҳаро аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва таъмини истиқлолияти технологӣ пешниҳод намуд.
Бо назардошти он, ки соли 2008 дар тамоми кишвар 1150 солагии бузургдошти устод Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад, бо мақсади истифода аз имконоти Интернет барои эҷодкорӣ ва дастрас намудани натиҷаҳои он ба корбарони бешумори шабака, Рудакишиносӣ ва шабакаи Интернет дар маркази диққати Конференсия қарор гирифт. Дар Конференсия ба озмуни сайтҳо оид ба осори Рӯдакӣ, таҳқиқотҳои Рӯдакишиносӣ дар шабакаи ҷаҳонӣ, омӯзиш ва шинохти абёти Рӯдакӣ аз тариқи Интернет, мавзӯъҳо бахшида шуда буд.
Барои иштирок дар Конференсия мутахассисон аз кишварҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрика, Ҷумҳурии Исломии Эрон, инчунин мутахассисони Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои мухталифи созгор намудани забони тоҷикӣ бо ТИИ ва истифодаи самарабахш аз он машғуланд, даъват шуда буданд. Дар маҷмӯъ 26 маърӯза ва гузоришҳо бо истифода аз канали зудамали дастрасӣ ба Интернет ва проектори тасвирӣ шунида ва мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Конференсия дар натиҷаи баррасии вазъи кунунии ТИИ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ба чунин хулоса омад:
- истифода аз забони давлатӣ ва татбиқи он дар технологияҳои иттилоотию иртиботӣ дар ҷумҳурӣ, хусусан дар расонаҳои ахбори омма (захираҳои интернетӣ), ғайри қаноатбахш аст;
- барномаи мушаххаси татбиқи ТИИ дар муассисаҳои давлатӣ ва илмиву таҳсилотии ҷумҳурӣ комилан вуҷуд надорад;
- аксари муассисаҳову идораҳо технологияҳоро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба вайронкунии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ роҳ медиҳанд;
- механизми амалӣ гардонидани Стратегияи Давлатӣ «Технологияҳои Иттилоотиву Коммуникатсионӣ барои рушди ҶТ» дар ҷомеа вуҷуд надорад;
- ташаббусҳои алоҳидаи истифодабарии ТИИ барои рушди маориф ва илму фарҳанг дастгирӣ намеёбанд.
Дар робита бо гуфтаҳои боло Конференсия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:
- Фаъолияти Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шавад.
- Тадбирҳои мушаххас дар амалӣ гардидани Стратегияи Давлатӣ «Технологияҳои Иттилоотиву Коммуникатсионӣ барои рушди ҶТ» ба амал бароварда шавад.
- Риояи муқаррароти Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад;
- Баргузории Конференсияи мазкур ба тарзи мунтазам (ҳар сол як маротиба) ба роҳ монда шавад.
Ба муассисаҳои таҳсилотӣ, илмӣ ва фарҳангӣ:
- Барномаи мушаххаси татбиқи ТИИ дар муассисаҳои таҳсилотӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дар доираи амалӣ кардани Стратегияи давлатӣ «Технологияҳои Иттилоотиву Коммуникатсионӣ барои рушди ҶТ» таҳия ва ба амал бароварда шавад.
- Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионии дар соҳаи маориф, илм ва фарҳанг истифодашаванда ҳатман ба забони тоҷикӣ бошанд ва ҳуқуқи моликияти зеҳниро риоя намоянд.
- Мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳо ва муассисаҳои таълимии дигар, сарфи назар аз тобеияти идориашон, бояд сайтҳои худро ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ намуда, маълумоти онҳоро мунтазам нав созанд.
- Тамоми фаъолиятҳои имконпазири мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва воҳидҳои сохтории Академияи илмҳо (ҳатман ба забони давлатӣ) дар сайтҳо ҷой карда шаванд.
- Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, илмиву фарҳангӣ дар муддати кӯтоҳтарин (то як моҳ) василаҳои назорати мунтазами иҷрои Стратегияи давлатӣ «Технологияҳои Иттилоотиву Коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро омода созанд.
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи намоиш ва гуфторҳои махсусро барои шиносоӣ, омӯзиш ва татбиқу тарғиби ТИИ ташкил намояд.
Воситаҳои чопии ахбори омма ба масъалаҳои таҳлили созандаи вазъи истифодабарии ТИИ ба забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи доимӣ дошта бошад.
Гурӯҳи кории коршиносон миёни кишварҳои форсизабон (Тоҷикистон-Эрон-Афғонистон) барои ҳалли масъалаҳои муштарак ва ҳамоҳангсозии мушкилоти забони илм созмон дода шавад.
Бо мақсади татбиқи самарабахши забони давлатӣ дар ТИИ баъзе муқаррароти қоидаҳои ҷории имлои забони тоҷикӣ таҷдиди назар карда шавад.
29 майи соли 2008 ш. Душанбе
|