|
Напазируфтани гуштосп божи эрон ба арҷоспро
Чу чанде баромад бар ин рӯзгор, Хуҷаста шуд он ахтари шаҳрёр. Ба шоҳи ҷаҳон гуфт Зардушти пир, Ки дар дини мо ин набошад ҳужир. Ки ту бож бидҳӣ ба солори Чин, На андархури дини мо бошад ин. Набошам бар ин низ ҳамдостон, Ки шоҳони мо аз гаҳи бостон. Ба туркон надодаст кас божу сов, Ба Эрон набудшон ҳама тӯшу тов. Бипазруфт Гуштосп, гуфто, ки низ Нафармоямаш додан аз бож чиз. Пас огоҳ шуд наррадеве аз ин, Ҳам андар замон шуд бари шоҳи Чин. Бад-ӯ гуфт, к-эй шаҳрёри ҷаҳон, Ҷаҳондори яксар кеҳону меҳон. Ба ҷой овариданд паймони ту, Натобид сар кас зи фармони ту. Магар пури Лӯҳросп Гуштоспшоҳ, Ки орад ҳаме сӯи туркон сипоҳ. Або ин ҳама дини дигар ниҳод, Раҳи бутпарастӣ зи пас барниҳод. Бикард ошкоро ҳама душманӣ, Або тӯша чун кард оҳарманӣ. Маро сад ҳазорон савор аст беш, Ҳама гар бихоҳӣ, биёрам-т пеш. Бад-он то шавӣ аз паси кори ӯй, Нигар, то натарсӣ зи пайкори ӯй. Чу Арҷосп бишнид гуфтори дев, Фуруд омад аз гоҳи турконхидев. Аз андӯҳи ӯ сусту бемор шуд, Зи шоҳи ҷаҳон пур зи тимор шуд. Пас, он гаҳ ҳама мӯбадонро бихонд, Шунида сухан пеши эшон биронд.
Саҳифаи 1/3
|