|
Қасоид ва муқаттаоти нотамом
Дарафканд, эй санам, абри биҳиштӣ Заминро хилъати урдибиҳиштӣ. Замин бар сони хунолуд дебо, Ҳаво бар сони ниландуд муштӣ. Ба таъми нӯш гашта чашмаи об, Ба ранги дидаи оҳуОҳу – айб, нақси даштӣ. Биҳишти аднро гулзор монад, Дарахт ороста ҳури биҳиштӣ. Чунон гардад ҷаҳон ҳазмон, ки дар дашт Паланг оҳу нагирад ҷуз ба куштӣ. Буте бояд кунун хуршедчеҳра, Маҳе гар дорад аз хуршед пуштӣ. Буте рухсори ӯ ҳамранги ёқут, Майе бар гунаи ҷомай куништӣ. Ҷаҳон товусгуна гашт гӯӣ Ба ҷои нармию ҷои дуруштӣ. Бад-он монад, ки гӯӣ аз маю мушк Мисоли дӯст бар саҳро набиштӣ. Зи гил бӯи гулоб ояд бад-он сон, Ки пиндорӣ гул андар гил сириштӣ. Дақиқӣ чор хислат баргузидаст Ба гетӣ аз ҳама хубию зиштӣ: Лаби ёқутрангу нолаи чанг, Маи чун зангу кеши зардуҳиштӣ.
Саҳифаи 1/23
|