|
Хоки Ватан
БАЛАНДИҲО Аҷаб дорам, ки ҳар вақте
Зи боби Тоҷикистон чун сухан гӯянд,
Бигӯянд аз баландиҳои куҳсораш
Сухан гӯянд аз Боми Ҷаҳон,
Аз қуллаҳои ганҷдору тоҷдораш.
Чи зоҳирбинии саҳле!
Ба ғайри қуллаҳо дар кишвари тоҷик
Баландиҳои бисёр аст,
К-онро кас намебинад.
Касе онро тавонад дид
К-ӯ аз оламу одам хабардор аст.
Фақат эҳсос бояд кард,
Фақат тан дод бояд бар баландиҳои рӯҳонӣ:
Ба табъи мо, каломи мо
Ба қадри мо, мақоми мо,
Ба ҳимматҳои дарёе,
Ба фитратҳои дунёӣ,
Ба иқболи баланди мо:
Ба халқи арҷманди мо...
Бале, дар сарзамини мо
Ба дидан кӯҳҳои мо баланд аст,
Вале ҳар кас, ки бо чашм
Ғарамҳои баланди пахтаро дид,
Баландиҳои куҳҳо нописанд аст.
Бале, дар кишвари тоҷик
Баландиҳои бисёр аст, лекин
Ҳама имрӯз бо чашмони худ дид
Ки қасри нури Норак чун сар афрохт,
Сари бисёр куҳҳо паст гардид.
Бале, баҳри тамошогар
Баландиҳои кӯҳи мо чӣ зебост.
Вале баҳри ҳама пайдост, к-имрӯз
Зи кулли қуллаҳои сар ба афлок
Сари мо сад ҳазорон бор болост.
Бале, дар сарзамини мо
Баландиҳои бисёр аст, аммо
Баландие баланд аз рӯҳи мо нест!.. [1973]
|