|
Хоки Ватан
ЭЙ ОБШОР Эй обшор!
Духтари гирёни кӯҳсор
Мурдаст ошиқат магар, фарёд мекунӣ?
Мӯят парешу қоматат ларзону хамзада,
З-оғози чашмаҳот магар ёд мекунӣ?
Ё кӯҳро зи дарди худ огоҳ мекунӣ?
Ё ашки кӯҳро ба дили хок мебарӣ?
Гумкардаҳои хешро меҷӯӣ мисли мо,
Ё бар гузашти зиндагӣ афсӯс мех(в)арӣ?
Ҳар санг бар шикоятат овоз медиҳад,
Аз нолаҳои ту дили санг об мешавад.
Аз сангҳо ба сангҳо бархурда ашки ту
Бетобу беқарор чу симоб мешавад.
Доманкашону дилкашол аз қуллаҳои кӯҳ
В-аз чашмаҳо ҷудо шуда, сарзер меравӣ.
Фарзанди кӯҳҳои баландиву оқибат
Сӯи нишеб аз паи тақдир меравӣ.
Эй обшор, ғам махур, он чашмаҳои ноб –
Он чашмаҳои муждарасон ҷовидонаанд.
Сарзер меравӣ, машав аз хеш ноумед,
Он кӯҳҳои пиру ҷавон ҷовидонаанд! [1988]
|