Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсини
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Хоки Ватан

ЗАРАФШОН, МОДАРИ ЗОРАМ...

Зарафшоно, чӣ монд аз он зарафшонит?
Зарафшон, модари ҷон, шӯри пешонит!
Зарафшоно, ки мегӯяд зарафшонӣ?
Зарафшоно, ту ҳоло заҳрафшонӣ!

Чу тифлонат зи барги талхи танбоку
Ба гардан гӯиё банди салосил мекашонанд,
Ба ҷони хештан заҳри ҳалоҳил мекашонанд,
Зи саҳроят чӣ ҳосил мекашонанд?
Чӣ ҳосил?
Душмани ҷон,
Қотили дил мекашонанд.

Зи қаъри кӯҳҳо ганҷи туро ҳамвора меҷӯянд,
Валекин қаъри ранҷатро ягон боре намеҷӯянд.
Кашӣ ранҷ аз барои ганҷ,
Вале ранҷ аз туву ганҷе ба судат нест.
Агарчи ҳолӣ даврони рукудат нест,
Зи куҳсорон насибе ҷуз сукутат нест.
Худовандо чӣ имконе!

Миёни кӯҳҳо рӯҳат шикастаст,
Миёни мавҷи анбӯҳат шикастаст.
Заратро мебаранд, аммо
Ба ҷони кӯдаконат заҳр мемонад.
Зи мағзи ҷон кашӣ заҳмат,
Ва мағзи устухонат заҳр мемонад.
Худовандо, чӣ эҳсоне!

Агар ширинии умрат ҳамин як заҳри танбокуст,
Ҳаметарсам
Нарӯяд дар канорат шоири ширинсухан дигар,
Нарӯяд духтари шириндаҳан дигар.
Гули танбоку гар бошад гули бахтат,
Нарӯяд як нигори гулбадан дигар...

Агар баргу навоят барги танбокуст,
Бидон, ки маҳзи марги туст.
Ҳаметарсам
Дигар мурғи дили насли зарафшонӣ
Насозад дар фазои умри ҷовидон парафшонӣ.
Ҳаметарсам
Агар аз чӯби танбоку ба ҷашну сурҳоят машъале ояд,
Дигар на Рӯдакӣ,
На Туғрале ояд...

Ба ҳолат зор мегирям, Зарафшон, Модари зорам,
Ки сар то по зарастию ба як зарра зарат зорам...

[1990]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj