|
Хоки Ватан
БА МАРДУМИ ПАНҶЕКАТ (бардошт аз ифтитоҳи
муҷассамаи Деваштич)Сари оғушта дар хуни Деваштич
Биёмад бар Ватан аз шаҳри Бағдод.
Зи нав биншаст бар аспи таҳамтан
Ба Панҷекат шукӯҳи тозае дод.
Кунун ӯ дар фарози тепаи сабз
Зи сарсабзии мо бошад нишона.
Сари афрохта, рӯҳи шикебо,
Ба Панҷекат бимонад ҷовидона!
Туро, ки меҳвари ин обу хокӣ,
Бихоҳам рӯзгори бешикастат.
Даме магзор то душман рабояд
Дубора ин сару афсар зи дастат! 19.03.2000 – Панҷекат
|