Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ишқнома

ДИДГОҲИ ХОТИРА

Ба чашми нимбедорат, ба рухсори гули норат,
Ба ҳар як пилтаи абрӯ, ба обу тоби гесӯят,
Ба лабҳои гулобиранг, гашти қадди дилҷӯят,
Бубахшидам ҷавониро,
Ту дониву нигаҳдорат.

Набошад гар маро имрӯз, фардо ҳаст! Қисмат ҳаст!
Ба олам ҳар куҷо бошад насибам, меситонам ман.
Раҳам дур асту нақдам кам, валекин насяҳо бисёр,
Ҳар он чӣ нақд ёбам, пеши поят мефишонам ман.

Ба боли орзуҳо менишинам, мекунам парвоз,
Туро бо хеш дар ин роҳ ҳампарвоз мебинам,
Фазои бетаҳи афлокро мегардаму доим
Туро бо хеш ҳамандешаву ҳамроз мебинам.

Куҷо бурдӣ ҷавонии маро?
Ҳамчун нигоҳи сард –
Нигоҳи сарди як бедард аз хотир тарошидӣ.
Куҷо бурдӣ ту он сармояи умри азизамро?
Чу мактуби рақибе порааш кардиву пошидӣ...

Куҷо бурдӣ ҷаҳони орзуямро, умедамро,
Ҳавои беғуборамро, нигоҳи барқворамро,
Шафақҳои навозишкори рухсори сафедамро,
Сари субҳи биҳиштосои айёми баҳорамро?

Куҷо бурдӣ, ту, эй гулбози бепарво?
Куҷоӣ ту?
Барои пешвози дигаре гулдаста мебандӣ?
Ва ё худсозиҳо дорӣ ба азми сайри боғистон?
Ва ё дар базм мерақсӣ, ки бо эъҷоз дил бандӣ?

Шабаҳҳо сайр месозанд болои сарам доим,
Нигаҳҳо сайр месозанд ҳар як бурҷи оламро;
Намедонам, намефаҳмам, намеёбам, намебинам,
Ки ёбад як нигаҳ аз як нигаҳ тақдири одамро...

Замин меҷунбаду кӯи ту меояд ба ёди ман:
Мабодо хонаи ӯ, хонаи ишқам шавад вайрон.
Куҷо бурдӣ ҷавонии маро, эй бахти баргашта,
Маро дарёб, ҳоло устуворам дар раҳи паймон!

1964

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj