Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсинӣ
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Ишқнома

МАРО ХУШБАХТ КУН, ЭЙ ГУЛ

Туро ман ёфтам аз ошёни сарбаландиҳо,
Маро хушбахт кун, эй гул!

Ба даври домани гулдӯзият номи маро ҳам дӯз,
Ба даври гардани худ ҳалқаи дасти маро овез.
Ба боли абруят якумр биншон обрӯямро,
Диламро гир баҳри зиндагиат ҳамчу дастовез.
Туро ман ёфтам чун нӯшханди субҳи бахтафзо,
Маро хушбахт кун, эй гул!
Ба гирди оташе, ки буд як вақте худои мо,
Хиромон чарх зан, сӯзон гуноҳи хешро яксар,
В-аз он пас пой неҳ бар остони хонаи ошиқ,
Бинеҳ бо дасти дунёдори худ бар фарқи ман афсар.
Туро ман ёфтам чун остони хонаи фардо,
Маро хушбахт кун, эй гул!

Рухи чун пахтасебатро,
Нигоҳи дилфиребатро.
Саропои базебатро дилам хоҳад парастидан,
Ту ҳам, эй бозубанди зарнигори зиндагониям,
Маро магзор дар ин роҳ беимдод лағжидан.
Туро ман ёфтам ҳамчун мададгори дили шайдо.
Маро хушбахт кун, эй гул!

Маро оғоз деҳ, парвоз деҳ сӯи тамомиҳо,
Дили саркаш, дили нобоварамро ром кун дар ишқ,
Худатро сарбаланди ҷумла олам кун ба номи ман,

Ба подоши вафои худ маро гумном кун дар ишқ,
Туро ман ёфтам аз он раҳе, ки кофтам худро,
Маро хушбахт кун, эй гул!

[1965]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj