Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ишқнома

ЧАШМҲОЯШ

Аз нигоҳаш мечакад оҳангҳо,
Достонҳо, қиссаҳо, афсонаҳо.
Саргузашти чанд ошиқ,
Сарнавишти чанд ошиқ,
Нутқҳои нӯшбодӣ,
Қаҳ-қаҳи мастонаю фарёди шодӣ,
Нозиши хушбахтии яклаҳзагӣ,
Нолиши бархурдану бишкастани паймонаҳо.

Гӯиё дар гардиши чашмони ӯст
Косагардонии давру солҳо.
Дар нигоҳи сарду лағжон
Ҳар кӣ вақте дошт бар худ ошён,
Бесадо хонад зи умри рафтааш,
Сафҳаи афсурдаи ишқи парешон.

... Буд ҳамчун сабзаҳои навдамида
Духтари поку ҳамида.
Аз ҳавасҳои ҷавонӣ маст буд,
Пеши болои баландаш,
Рутбаю унвони мардон паст буд...

Гултабассумҳои ӯ акнун париданд аз лабаш,
Чеҳраи коҳидааш хиҷлат кашад аз умри рафта.
Монда гулҳо дар баҳорон ношукуфта,
Чеҳрааш хандон, дилаш гирён,
Орзу дорад шукуфтан тирамоҳон.

Чашмҳояш, чашмҳои оташинаш,
Рӯйҳояш, рӯйҳои нозанинаш,
Чун бубинам, банд-банди пайкарам дар ларза ояд.
Ёдам ояд як сукути мутлақи шаб,
Сӯхтан дар оташи таб.
Ёдам ояд бандҳои нокушуда, бӯсаҳои норабуда...

[1971]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj