|
Ишқнома
* * * Ту осмони манӣ.
Ва ё
Дар осмони муҳаббат ҳамошёни манӣ.
Ту он таровиши нурӣ,
Ки дар шабони сияҳдил нигоҳбони манӣ.
Агарчи қисмати мову ту достонҳо зад,
Ҳанӯз шеъру ғазалу достони манӣ.
Дар ин сипеҳри садоҳои бенишонии мо
Агар нишони ту бошам, ту ҳам нишони манӣ.
Дар ин ҷаҳони ғалатбоз беғалат боре
Агар ҷаҳони ту бошам, ту ҳам ҷаҳони манӣ.
Дар ин маҳал, ки пасочини боғҳо мондаст,
Ягона меваи уммеду ормони манӣ.
Дар ин ҷаҳони ҷазои “Зи мост, ки бар мост”
Ту ҳам баҳори маниву ту ҳам хазони манӣ... [1979]
|