
|
Ишқнома
* * * Он шом зи пушти боғи кӯҳӣ
Маҳ тор танида мебаромад.
Як банд алаф ба пушт пире
Аз кӯҳ хамида мефаромад.
Печида ба гесуи дарахтон
Якҷӯр навои чирчиракҳо,
Аз гул ба гуле намепариданд
Дигар ба талош гулпаракҳо.
Маҳтоби паридаранги коҳил
Мерехт ба фарқи шохсорон.
Дар олами сояравшани боғ
Будем ду тан зи растагорон.
Печида ба ҳам ду сояи мо
Метофт ба сони сояи бахт,
Яксони замин хамӯш мегуфт –
Оё кӣ расад ба пояи бахт?
Маҳтоб баланд мешуд аз боғ,
Бар шохи дарахтҳо расида.
Ман дида туро басеву лекин
Гӯё ки ҳанӯз ҳам надида...
Бо ин ҳама шукри он нафас бод,
К-аз гардиши осмон рабудем.
Як лаҳза ба кӯчаи дарахтон
Мо ҳам ду дарахти сабз будем. [1982]
|