|
Ишқнома
РАҚСИ ТУ Рақси ту гар сабки эъҷоз аст дар рӯи замин,
Пеши ман як сабки парвоз аст сӯи осмон.
Рақси ту ҳарчанд баҳри беғамон як дилхушист,
Баҳри ман як олами дард аст, дарди беамон.
Ҳар нигоҳи ту ба умқи дил ишорат мекунад,
Ҳар адоят ҷони мискинро ҳимоят мекунад.
Ларзаҳои мижжаҳоят,
Барқафшонии чашми сурмасоят
Захми носури муҳаббатро табобат мекунад.
Мезанӣ бо панҷаҳоят савти бишкан-бишкане.
Метаровад аз дили ман оҳу воҳу шеване.
Пой мекӯбӣ ба саҳна,
Даст мекӯбӣ ба сина,
Синаҳоро мефурӯзӣ бо ҷамоли равшане.
Печутоби кокулонат печутоби зиндагист,
Ҳар нигоҳи ту суоли беҷавоби зиндагист.
Гоҳ агар қадрат надонанд,
Гар сабукроят бихонанд,
Ҷумла аз кӯрии чашми интихоби зиндагист.
Гарчи беовоз мерақсӣ, ба гӯш овози туст,
Пардаи дил, пардаҳои чашм пойандози туст.
Шӯхшангу масту мағрур –
Он қадар наздикӣ аз дур,
Гӯӣ саҳни синаи ман саҳнаи эъҷози туст.
Рақси печони ту мавзуну қашанг аст,
Як дами нақди фароғат аз малоли ному нанг аст.
Кош медонистаме
Як даме чун ҳамдаме
Умри ту дар саҳнаи қисмат чӣ ранг аст?...
Рақси ту як саҳнаи афсонаи дил бастан аст,
Як талоши аз ҷаҳони мову ман ворастан аст.
Балки андар саҳни бозиҳои маргу зиндагӣ
Бо ҷаҳони бекарони орзу пайвастан аст. [1984]
|