Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Она косы смоляные расплела, пугая ночь,
Лик снял ее при этом и бежала в страхе ночь.
Ибн Сино
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ишқнома

* * *

Ту барои дили ман тозаву тар,
Ту барои дили ман зебо бош.
То даме ошиқи яктои туам,
Ту барои дили ман якто бош.

Ту маро бош баҳори пургул,
Тирамаҳ аз раҳи худ меояд.
Соате чашм ба роҳам бинишин,
Ки аҷал роҳи маро мепояд.

Ту марав аз сари ман, то сари ман
Нашавад сар ба сари хоки лаҳад.
Ту бимон бо ману бо ман гул кун,
Чун туям бахт гулафшон бошад.

Эй ғамат шодифизотар зи баҳор,
Дили ғамкӯфтаамро бинавоз.
То кунун ёре диламро нашинохт,
Ту варо сӯи дилат кун овоз.

Гир андар кафу некӯ бинигар,
Бо ҳама айбу гунаҳ ошиқи туст.
Бадгумонӣ макун, аз баҳри худо,
Ҳама офоқ гувоҳ! Ошиқи туст...

Ишқ ҳарчанд шуда олуда
Аз ду-се хушкдилу тардоман,
Ту маё паст зи гардуни назар,
Балки раҳ гир ба боло бо ман!

Дари дил боз бикун мисли саҳар,
Синаро шӯр бидеҳ чун дарё,
Он чунон тунд бирав, то миранд
Айбҷӯёни ту дар соҳилҳо...

Ин ҳасудон зи малах бисёранд,
Ишқ яктову ту ҳам яктоӣ.
Ин ҳасудон зи алам мемиранд
Гар алам бошӣ ту бо шайдоӣ.

Пас ту баҳри дили ман ахтари саъд,
Пас ту баҳри дили ман фардо бош.
Пас ту, то навбати дунё дорам,
Бо ҳама нозу адо дунё бош!

[1986]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj