
|
Дастагули тарона
РАНҶИ ДЕҲҚОН Рӯи сурху чашми серу хотири шод,
Файзи умру нури бахти халқи озод,
Хонаи ободу ободии даврон –
Бошад аз дастони деҳқон,
Дасти пурэҳсони деҳқон.
Хандаи лаб, нашъаи дунёи зебо,
Хоби нӯшин, лаззати умри гуворо.
Чилчароғон дар шаби тӯи арӯсон –
Бошад аз дастони деҳқон,
Дасти пурэҳсони деҳқон.
Сина мисли киштзоронаш кушода,
Умри ӯ бодо дар ин даврон зиёда,
К-ин ҳама нуқлу навою хони алвон –
Бошад аз дастони деҳқон,
Дасти пурэҳсони деҳқон! [1982]
|