|
Дастагули тарона
ҶУДОӢ Ту рафтӣ он намози шом,
Хоби шабам ҳаром шуд.
Зи ишқи нотамоми ту
Кори дилам тамом шуд.
Ҳар ҷо бошӣ, ҳар ҷо бошӣ
Доим саломат бошӣ,
Барои ман, барои худ
Дур аз маломат бошӣ.
Синаи даргирифтаам
Шарора зад, шарора зад.
Аз алами ниҳони ту
Шуълаи ошкора зад.
Ҳар ҷо бошӣ, ҳар ҷо бошӣ
Доим саломат бошӣ,
Барои ман, барои худ
Дур аз маломат бошӣ.
Рафтӣ, дилам сиёҳ шуд
Бешафақи нигоҳи ту.
Худои ман – паноҳи ман,
Худои ту – паноҳи ту!
Ҳар ҷо бошӣ, ҳар ҷо бошӣ
Доим саломат бошӣ,
Барои ман, барои худ
Дур аз маломат бошӣ. [1982]
|