|
Дастагули тарона
МУБОРАКБОДИ ИШҚ Дар тобу табат бинам, бехоби шабат бинам,
Ҳар лаҳзаву ҳар соат ҳоли аҷабат бинам,
Доро шудаӣ, эй дил, ғамҳот муборак бод!
Аз санг шарар хоҳӣ, аз ёр назар хоҳӣ,
Аз мӯй мадад ҷӯӣ, аз ишқ асар хоҳӣ,
Бино шудаӣ, эй дил, пайдот муборак бод!
Лабрези ҳавасҳоӣ, саршори таманноӣ,
Дар сина намегунҷӣ аз шавқи дилорое,
Эҳё шудаӣ, эй дил, эҳёт муборак бод!
Паҳнои ҷаҳон гардӣ, пайдову ниҳон гардӣ,
Гаҳ сабзасифат рақсӣ, гаҳ барги хазон гардӣ,
“Ошиқ шудаӣ, эй дил, савдот муборак бод!”
Туғёни дигар дорӣ, ҷавлони дигар дорӣ,
Сар мезанӣ дар сина, тӯфони дигар дорӣ,
Дарё шудаӣ, эй дил, дарёт муборак бод!
Гаҳ ҳоли ман омӯзӣ, гаҳ дар ғами худ сӯзӣ,
Гаҳ шуъла занӣ печон, то ҳастиям афрӯзӣ,
Зебо шудаӣ, эй дил, дунёт муборак бод! [1982]
|