|
Дастагули тарона
ОФТОББОРОН Аз дасти булӯри ту
Файзи ду ҷаҳон ояд.
Аммо чу бишӯрӣ ту,
Ҷонам ба фиғон ояд.
Бо ту буданам мушкил,
Бе ту буданам мушкил.
Оҳ аз туву оҳ аз дил,
Оҳ аз туву оҳ аз дил!
Дарёиву гаҳ ором,
Гоҳе бикунӣ тӯфон:
Гоҳе чу ғами айём
Бар сина занӣ сӯҳон.
Бо ту буданам мушкил,
Бе ту буданам мушкил.
Оҳ аз туву оҳ аз дил,
Оҳ аз туву оҳ аз дил!
Гаҳ ҷӯшу баҳоронӣ,
Гаҳ тирамаҳи гирён.
Гаҳ қаҳри зимистонӣ,
Гаҳ чиллаи тобистон.
Бо ту буданам мушкил,
Бе ту буданам мушкил.
Оҳ аз туву оҳ аз дил,
Оҳ аз туву оҳ аз дил!
Гаҳ санги фалахмонӣ,
Гаҳ санги сабурастӣ.
Гаҳ дар тани ман ҷонӣ,
Гаҳ ахтари дурастӣ.
Бо ту буданам мушкил,
Бе ту буданам мушкил.
Оҳ аз туву оҳ аз дил,
Оҳ аз туву оҳ аз дил! [1986]
|