|
Ғазалиёт
* * * Ҳусни ту бо дилрабоӣ мекушад охир маро,
Дарди ту бо худнамоӣ мекушад охир маро.
Нест ғайри дурият дар толеи пешониям,
Васли ту бо норавоӣ мекушад охир маро.
То туро аз даст додам, даст бар сар мезанам,
Ишқи ту бо норизоӣ мекушад охир маро.
Ҳеҷ бокам нест аз чашми бади дилмурдагон,
Чашми ту бо ошноӣ мекушад охир маро.
Марги зебо буд гар пеши ту мемурдам, дареғ,
Ошиқӣ андар ҷудоӣ мекушад охир маро.
Ҳар худоҷӯе, ки буд, мемурд дар роҳи худо,
Бехудӣ ё бехудоӣ мекушад охир маро. [1982]
|