Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
К добру и миру тянется мудрец,
К войне и распрям тянется глупец.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ғазалиёт

* * *

Худойгоно, худойгоно, зи одамият куҷо нишоно?
Чаро ба гӯшам зи ҳар забоно расад ғирево, расад фиғоно?

Бубин ту хасро шуда Сикандар,
бубин магасро шуда самандар,
Ба рағми ино, алайҳи оно куҷост тобо, куҷо тавоно?

Ҳама разолат шуда рисолат, ҳама фалокат шуда кафолат,
Ки корд акнун расида то бун ба мағзи ҷоно, ба устухоно.

Шудаст мазҳаб фидои мансаб, шудаст мансаб фидои матлаб
Касе надорад ғами раият на хаскашоно, на шахкамоно.

Ҳазор пиле ба пашша ҷондор, ҳазор гурба ба муш ғамхор,
Ба ҳифзи мардум зи дасти ҳар шум на посдоро, на посбоно.

Ба кӯю барзан ба ёди арзан кушода кафҳо чи мард, чи зан,
Куҷост дасти мададрасоно, куҷост табъи гуҳарфишоно?

На роҳи равшан, на моҳи равшан,
на нони хурдан, на ҷони мурдан,
Касе наёрад зи кас бипурсад, чаро чунино, чаро чуноно?

Камаршикаста, асошикаста ба раҳгузори худо нишаста
Бидода аз каф мадори ҷоно, фитода лоҳаз бо ёди ноно.

Ба хушкноне ба хушкҷонӣ даванд ҳар сӯ (чӣ зиндагонӣ?!)
Яке бузурге дар ин ҷаҳоно, яке сутурге дар он ҷаҳоно.

Ба рӯзи сахтӣ наво надорад, ба тирабахтӣ сафо надорад
На остино, на остоно, на осмона, на осмоно.

Ту парлумон бин, ту қаҳрамон бин,
кафи лабони даҳанкалон бин
Намерасад кас ба доди мардум, ки аламоно зи парлумоно!

Ба ҳар қадам бин туфангдоре, баробари ӯ чӣ ҳанг дорӣ?
Напурс, эй дӯст, (ки монӣ бепӯст) куҷост коҳо, куҷост доно?

Зи чор сӯят миёни кӯят туро биҷӯяд дусад адӯят,
Куҷо ясоро, куҷо ямино, куҷо яқино, куҷо гумоно?

Дар ин замино, дар ин замоно бидеҳ шаҳомат ба тоҷиконо,
Тамомбино, тамомдоно, худойгоно, худойгоно!

28.10.1994

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj