|
Ғазалиёт
* * * Гумном мекушанд маро номдорҳо,
Ноком мебаранд маро комгорҳо.
Як сар баланд дида маро аз ҷалоли худ,
Полағз медиҳанд маро поядорҳо.
Ман дар замини вусъати худ осмониям,
Дар хок мезананд маро хоксорҳо.
Ман дардманди шеъраму эшон ба суди худ,
Хоҳанд ҷои шеър санову шиорҳо.
Бар чашми офтоб надоранд чашми дид,
Дар соя мекашанд маро соядорҳо.
Ҳарчанд фикри хоми ман масруфи пухтагист,
Дардо, ки хом мехуранд ин хомхорҳо.
То шеъру ишқ, шоиро, аз беқарорӣ аст,
Бидруд, эй таҳаммули сабру қарорҳо! [1997]
|