|
Ғазалиёт
* * * Ёд бод, он шӯри оғози муҳаббат ёд бод,
Ёд бод, эҳсоси эъҷози муҳаббат ёд бод.
Байни ду дил – байни ду сайёраи шӯру ҷунун
Дар фазои шавқ парвози муҳаббат ёд бод.
Синаам чун кӯраи пуроташе дармегирифт,
Он ҳама сӯзи дилу сози муҳаббат ёд бод.
Баҳри як нозаш намегунҷид ҷонам дар бадан,
Он ҷавониҳову он нози муҳаббат ёд бод.
Дар дилам сад баҳри тӯфонӣ ту гӯӣ ҷой дошт,
Он талотумҳои ҷонбози муҳаббат ёд бод.
Гар ман имрӯзам зи маҷрӯҳони користони дард,
Бозувони қодирандози муҳаббат ёд бод.
Дар дилам имрӯз ғайри мушти оҳу дард нест,
З-он диле, ки буд анбози муҳаббат, ёд бод! [1986]
|