|
Ғазалиёт
* * * Оламе ояд дар оғӯшам, чу оғӯшат кунам,
Лаб занад бахтам, чу бӯса аз лаби нӯшат кунам.
Мурдагон аз хок бархезанд бо сад доғи ишқ
Лаҳзае, к-аз бӯсаҳои гарм беҳушат кунам.
Дар барам хуршеду бар дӯшам маҳ ояд аз фалак,
Соате, ки бӯсачинӣ аз бару дӯшат кунам.
Сад баҳореро хазон бинӣ, агар донӣ, ки ман
Бо гули уммедҳои хеш гулпӯшат кунам.
Ман, ки аз дурии ту бо духтари раз ошиқам,
Орзу дорам ба базми дил қадаҳнӯшат кунам.
Дон, ки Лоиқ мурду аз ӯ мисрае боқӣ намонд,
Як нафас гар бо дили шайдо фаромӯшат кунам. [1982]
|